Вазири корҳои дохилӣ бо ҳайати кормандонаш тасмим гирифт, ки дар баробари ба мардум фаҳмондани мубориза бо паҳншавии бемории CОVID-19, 50 дарсади моҳонаашро барои ин кор сарф кунад.

Имрӯз, 1-уми май, дар Вазорати корҳои дохилӣ ҷаласаи видео-селектории назди вазири корҳои дохилӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз ҷаласаи навбатии рӯзи 30-юми апрели соли 2020 вобаста ба чораҳои пешгирии паҳншавии COVID-19 бар меоянд, баррасӣ гардид.

Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Р.Ҳ. бо ҳайати шахсӣ баҳри иҷроиши ин вазифаҳо як қатор корҳоро роҳандозӣ намуд. Вазир қайд кард, ки акнун вақти он расидааст, ки шабу рӯз вазифаҳои ба ӯҳда доштааро иҷро намуда, дар ин лаҳзаҳои ҳассос паҳлӯи мардум бошем.

Бояд ба мардум фаҳмонида шавад, ки ба воҳима ва таҳлука дода нашаванд. Нақшаҳои давлату Ҳукумат барои мубориза бар зидди ин вабои аср омода аст. Чораҳои пешгирикунанда аз тарафи сохторҳои дахлдори ҳукумат гузаронида мешаванд. Ба хабарҳои гуногуни воҳимаангезу бардурӯғ бовар накарда, аз паси зиндагии муқаррарӣ гардида, гигиенаи шахсиро (маҳдудият аз дигарон, истифодаи ниқобҳои тиббӣ, мунтазам шустани дасту рӯй)-ро риоя кунанд.

Дар рафти ҷаласа бо ташаббуси вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Р.Ҳ. ҳайати роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ бо як овоз изҳори омодагӣ намуданд, ки 50 дарсади маоши моҳонаи худро ҳамчун ёрӣ ба фонди маблағгузории мубориза бо паҳншавӣ ва пешгирии COVID-19 гузаронанд.

Ин дар ҳолест, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ маоши якмоҳаашро барои ин кор ҷудо кард ва аз фонди худ барои пизишкон 12,4 миллион сомонӣ ихтисос дод.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here