Таҷрибаи пулакӣ шудани роҳи Душанбе-Чаноқ нишон додааст, ки он ба фоидаи кишвар будааст, чун солҳои қаблӣ, дар фасли зимистон ин роҳ ба муддати то 6 моҳ баста ва рафтуо тариқи нақлиёт қатъ мегардид.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон Худоёрзода Худоёр имрӯз, 30-юми январ, дар нишасти матбуотии вазорат гуфт, «агар ин роҳ пулакӣ намешуд, нигаҳдории он бо маблағҳои нокифояе, ки вазорат ҷудо мекунад, амри маҳол буд».

Муовини аввали вазири нақлиёти Тоҷикистон Сӯҳроб Мирзоев гуфт, дархости пулакӣ шудани роҳи Душанбе-Бохтар ва чанд роҳи дигаре, ки сохта мешаванд, ба вазорат ворид шудааст.

— Ҳоло мутахассисон дар ҳоли баррасии имкони пулакӣ кардани ин роҳҳо ҳастанд. Мо хулосаи худро ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод мекунем ва то охири соли равон ва баъд аз пурра ба анҷом расидани бозсозӣ эҳтимолан роҳ пулакӣ шавад. Роҳҳои алтернативии ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳи Душанбе-Бохтар вуҷуд хоҳанд дошт, — гуфт муовини вазир.

Бозсозии роҳи Душанбе-Бохтар дар ду марҳила-марҳилаи аввал бо дарозии 33,2 км идома дорад ва барои бо тӯли 39,6 км айни ҳол корҳои омодасозӣ, топографӣ, геологӣ ва захира кардани мводи сохтмонӣ идома дорад.

Корҳои сохтмонӣ дар роҳи Душанбе-Бохтар соли 2018 оғоз гардида, анҷоми он соли 2021, дар арафаи 30-солагии Истиқлолият Тоҷикистон, ба анҷом расонида хоҳад шуд.

Добавить комментарий