Дирӯз вазири кишоварзии Федератсияи Русия Дмитрий Патрушев ва дигар намояндагони ин кишвар ба вилояти Хатлон омада, аз чанд хоҷагии деҳқонии шаҳру ноҳияҳои вилоят дидан карданд.

Вазири кишоварзии Федератсияи Русия Дмитрий Патрушевро раиси вилояти Хатлон Ҳакмизода Қурбон ва дигар шахсони расмӣ қабул карданд. Вазири рус дар ин сафари кории худ ба вилояти Хатлон аз хоҷагиҳои деҳқонии шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯшониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Дустӣ ва Ҷайҳун дидан кард.

Мақсади сафари вазири кишоварзии Русия ба вилояти Хатлон шинос шудан аз фаъолияти кории хоҷагиҳои кишоварзӣ, дастрасии техникаҳои замонавӣ, ҳамкориҳо дар самти кишоварзӣ ва содироти меваву сабзавотро ба Русия тақвият бахшидан буд.

Тибқи ҳисоботи оморӣ аз аввали соли равон то 6-уми май аз вилояти Хатлон ба хориҷи кишвар 5,5 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот карда шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,3 ҳазор тонна зиёд аст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here