Дар соли 2019 ба сохторҳои муҳоҷират 50 ҳазору 593 нафар шаҳрванд бо дархости ҷойи корӣ муроҷиат кардаанд. Ҳангоми санҷиш ҳолати манъи вуруди дубораи 20 ҳазору 394 нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ ба Федератсияи Русия муайян карда шуда, онҳо аз сафари бебарор ба хориҷи кишвар бозбас гардонида шудаанд. Аз ин теъдод ба 10 ҳазору 352 нафар тавсия ба касбомӯзӣ ва ба 1 ҳазору 946 нафар  тавсия барои ҷойи кор дар дохили кишвар дода шудааст.

Ин рақамро вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ  Гулрӯ Ҷабборзода зимни нишасти матбуотӣ, ки 6- уми феврал барпо гардид, баён кард. Ӯ афзуд, ки “депортатсия”бо қарори мақомоти ваколатдори давлатӣ ва берункунии маъмурӣ бошад бо ҳукми Суд ба амал меоянд.

— Ҷумҳурии Тоҷикистон дар айни замон зиёда аз 270 ҳазор шаҳрванде дорад, ки вуруди дубораашон ба Федератсияи Русия манъ карда шудааст. Ҳамон нафароне тибқи низоми давлатдории Русия хориҷ карда  мешаванд, ки аз муассисаҳои ислоҳи ҷазоӣ Федератсияи Русия озод мешаванд ва шахсоне, ки дар ҷойи зисти муввақатӣ зиндагӣ мекунанд ва шахсияти онҳо маълум нест аз тарафи ҳукумат ошкор мегардад, онҳоро ба тариқи ҷазои маъмурӣ аз ҷониби Суд ба хориҷкунии маъмурӣ пешниҳод мекунанд, — қайд кард муовини вазир Абдусалом Мирзозода.

Бештари шаҳрвандон бо сабабҳои риоя накардани талаботи ҷойи зист ба муддати аз 3 то 5 сол вурудашон ба ҳамон давлатҳо манъ карда мешаванд. Ҳамасола бо тамом шудани ин мӯҳлат шаҳрванд метавонад дубора ба он давлатҳо сафар кунад.

Инчунин, Гулрӯ Ҷабборзода дар хусуси низоми хориҷкунии шаҳрвандон аз ҷониби Федератсияи Русия изҳори норозигӣ кард,а вобаста ба ин чанд нуктаро зикр дошт, ки бояд раванди низоми хориҷкуниро омӯхт ва барои тағйирот даровардан ба он тасмимҳо гирифт. Вобаста ба ин масъала санаи 30-31-уми январ ҷаласаи 14-уми комиссияи муштарак байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гаштааст, ки дар он масоили марбут ба мушкилоти хориҷкунии шаҳрвандон ва дигар проблемаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Вазорат аз иҷрои масоили дар ҷаласаи 14-уми муштарак матраҳгардида, умедвории зиёд кард.

Шаҳноз Ализода

Фараж

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here