Дар ноҳияи Ҷалолидини Балхӣ  барои 15 ҳазор ҷойи нишаст варзишгоҳ сохта мешавад.

Варзишгоҳ бо маблағгузории соҳибкорони маҳаллӣ бунёд мешавад, ки харҷи умумии он 34 миллион сомониро ташкил дода, он 15 ҳазор ҷойи нишаст хоҳад дошт.

Раиси ноҳияи Ҷалолидинӣ Балхӣ Убайдуллои Файзулло зимни тасдиқи ин хабар афзуд, ки дар корҳои сохтмонии варзишгоҳи мазкур сокинони маҳаллӣ ҷалб шудаанд.

Варзишгоҳи мазкур дар майдони 4,9 гегтар замин бунёд ёфта, дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлолият мавриди истифода қарор мегирад.

Добавить комментарий