Рӯзи 13 ва 15-уми апрели соли равон дар Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов  нахустнамоиши асари «Вақте ки куҳҳо суқут мекунанд…» аз рӯйи асари  нависандаи қирғиз Чингиз Айтматов  пешкаши мухлисону ҳаводорони театр гардид.

Ин намоиш бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти кишвар пешкаш шудааст.

Саҳна дар бораи рӯзноманигори ватандӯст бо номи Арсен ва дӯстони бадкирдори ӯ мебошад, ки  намоиши тарбиятдиҳанда буда ,бинандаро водор месозад, ватани хешро ҳимоя кунад, аз самими дил дӯст дорад.

Дар нақши асосӣ — Арсен  ҳунарманди тоҷик Бунёд Комилов ба саҳна баромада, ба қавли коршиносон ин нақшро моҳирона иҷро кардд. Пас аз намоиш аксари бинандагон аз комёбии ҳунармандони театр дар ин намоиш гуфтанд ва сазовори таҳсин буданашонро тасдиқ карданд.

Таҳмина Юсупова

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here