Роҳбарияти Суди олии Тоҷикистон бар он назаранд, ки агар наздикони роҳбари зиндонии ширкати «Умед 88» Раҷабалӣ Одинаев хоҳанд зарари ба давлат расонидашударо барқарор кунанд, ба Суди олӣ пешниҳоди расмӣ  кунанд.

Раиси Суди олии кишвар Шермуҳаммад Шоҳиён дар нишасти матбуотии ниҳодаш гуфт, аз кирдорҳои ҷинояткоронаи роҳбари ширкати «Умед 88» зарари зиёди молиявӣ ба бюҷети давлат, БДА «Амонатбонк» ва чанд ширкату корхонаҳо расонда шудааст.

— Ба раиси Суди олӣ наздикони соҳибкор хабар доданд, ки омодаанд, зарари молии расонидашударо барқарор кунанд ва молу мулки дар ҳабсбуда ба онҳо гардонда дода шавад. Муттаасифона, на аз ҷониби ҳимоятгарон ва на аз ҷониби хешовандони наздики роҳбарияти ширкати «Умед 88» дар ин масъала пешниҳодҳои расмӣ нашудааст. Аз ин рӯ, доир ба парвандаи мазкур ҳукми Суди олӣ қабул гардид. Агар ҳозир ҳам хоҳанд, маблағи зарарро барқарор кунанд, метавонанд ба Суди олӣ муроҷиат кунанд ва ин масъала мавриди омӯзишу баррасӣ қарор дода хоҳад шуд. Қонунгузор ба ин имконият медиҳад, — гуфт Шоҳиён.

Ёдовар мешавем, «Умед 88» дар баробари ширкатҳои бузурги воридкунандаи маҳсулоти нафтӣ — «Газпром»-и Русия ва «Фароз» бо собиқаи 21-солаи фаъолият то ду сол қабл аз ширкатҳои муваффақ дониста мешуд. Ин ширкат маҳсулоти нафтию гази моеъро аз Қазоқистону Русия ва Туркманистон ворид мекард ва дар саросари Тоҷикистон беш аз 70 нуқтаи фурӯши сӯзишвориро мечархонд. Ахиран роҳбари ин ширкат Раҷабалӣ Одинаев дар пайи як интиқоди президент Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба барнагардонидани 170 миллион сомонии НБО «Роғун», ки рӯзи 14-уми октябри соли 2017 дар мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорони дохил ва хориҷи кишвар сурат гирифт, боздошт шуд. Пас аз як 11 моҳ, дар мурофиаи пушти дарҳои баста, рӯзи 17-уми сентябри соли 2018 ҳамроҳ бо муовинаш Идибек Иброҳимов бо иттиҳоми «дуздии моликияти давлатӣ, тассарруфу исрофкорӣ ва истифодаи ғайриқонунии қарз» гунаҳкор дониста шуда, ба 24 ва 22-солии зиндон маҳкум карда шуданд.

Шермуҳаммад Шоҳиён ҳамчунин гуфт, парвандаи дуюми ҷиноятӣ низ нисбат ба роҳбарияти ширкат боз ба Суди олӣ ворид гардидааст, ки он ошкоро тафтиш шудааст: «Парванда доир ба маблағҳое аст, ки аз бонкҳо гирифтаанду барнагардонидаанд. Айни замон парванда ба таври кушода дар суд мавриди баррасӣ қарор дорад».

Добавить комментарий