Дар деҳаи Вотаи ноҳияи Айнӣ, дар арафаи таҷлили ҷашни Наврӯз, хонаи саломатӣ ифтитоҳ шуд. Сохтмони бинои мазкур дар доираи лоиҳаи “Мусоидат дар вусъати имкониятҳои иқтисодиву иҷтимоӣ барои занон ва ҷавонон дар водии Зарафшон” ва барномаи “Рушди Созмони миллали муттаҳид” аз тарафи Ҳукумати Федератсияи Руссия бунёд гардид.

Тавре сокинони маҳал ба Faraj.tj иттилоъ доданд, бинои хонаи саломатӣ аз 4 ҳуҷра иборат буда, онро ҶДММ “Транс-Азия-Сервис” дар муддати се моҳ бо маблағи 470 ҳазор сомонӣ сохтааст.

Бошандаи деҳаи Вота Бобоҷони Нурзод дар суҳбат гуфт, дар замони мавҷудияти 70-солаи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ деҳа бунгоҳи тиббӣ надошт.

— Бо талошҳои сокинони деҳа ва маблағгузории Ҳукумати Федератсияи Русия, аҳолии 2-ҳазор нафараи деҳаи Вота соҳиби хонаи саломатӣ гардиданд, — таъкид кард Бобоҷони Нурзод.

Аз беморхонаи марказии ноҳияи Айнӣ ба мо гуфтанд, ки хонаи саломатии деҳаи Вота бо таҷҳизотҳои муосири тиббӣ, хатти оби нӯшокӣ ва системаи гармидиҳӣ муҷаҳҳаз мебошад. Дар марказ, асосан сиҳати сокинон ташхис карда шуда, дар сурати муайян кардани беморӣ онҳо ба беморхонаҳои маркази ноҳия ва пойтахти ҷумҳурӣ роҳхат дода мешаванд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here