– Беҳтар шудани муносибатҳои Русия ва Украина бар ин манфиати тамоми ҷаҳон хоҳад буд, – гуфтааст президенти ИМА Доналд Трамп.

Тавре ОИР “Новости” хабар медиҳад, роҳбарии Қасри сафед муросои ду давлатро нафъовар арзёбӣ карда, пешниҳод намудааст, ки ҷонибҳо созиш кунанд.

Вакили  Думаи давлатии Русия Руслан Балбек  вобаста ба таъкиди сардори Қасри сафед вокуниш нишон дода гуфтааст, ки Маскав бо Киев ҳеҷ гоҳ низоъ надошт ва Украинаро ҳамчун кишвари бародарӣ меҳисобад.  Дар баробари ин парлумон зикри Трампро хуш истиқбол кардаанд.

Сиёсатмадорони рус доир ба мавқеъгирии  Трамп назари мухталиф баён доштанд, бархе баҳои мусбат  ва иддае риторикаи пешазинтихоботӣ унвон доданд.

Добавить комментарий