Президенти Иёлоти муттаҳидаи Америка Доналд Трамп бо як номаи шодбошӣ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо 26-солагии Истиқлолияти давлатӣ табрик гуфтааст. Ин номаро собиқ сафири ИМА дар Тоҷикистон Элизабет Миллард, ҳанӯз 28-уми август, ба раиси Ҳукумати Тоҷикистон расондааст.

Дар нома, ки мӯҳтавои он имрӯз расонаӣ шуд, аз ҷумла гуфта шудааст: «Табрикоти самимии маро ба шарофати таҷлили Рӯзи истиқлолияти  Чумҳурии Тоҷикистон, ки  9-уми сентябр ҷашн гирифта мешавад, бипазиред.

Иёлоти Муттаҳида яке аз аввалин давлатҳое буд, ки истиқлолияти Тоҷикистонро соли 1991 эътироф намуд, ва мо Истиқлолият, соҳибихтиёрӣ ва якпорчагии қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистонро собитқадамона дастгирӣ менамоем.

Дар арафаи 26-умин ҷашнвораи Истиқлолияти давлатӣ, мо интизори шарикии бардавом ва ҳамкории судманд мебошем, ки ба манфиати ҳар ду давлат ва минтақа равона шудааст. Ман беҳтарин таманниёти худро ба мардуми Тоҷикистон дар ин рӯз изҳор менамоям.

Бо камоли эҳтиром Доналд Ҷ. Трамп»

Ин яке аз аввалин паёмест, ки ба унвони Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати рӯзи Истиқлолияти Тоҷикистон расидааст. Ҳар сол дар ҳамин шабу рӯз сарони давлатҳо ҳамтои тоҷики худро ба ин ид табрик мегӯянд.

Добавить комментарий