Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ Тоҷикистон як тонна тилло фурӯхтааст, ки бо ин нишондиҳанда ба рӯйхати  се кишвари дар фурӯши ин метали қимматбаҳо пешсаф ҷой гирифтааст.

Тавре, дар гузориши  World Gold Council зикр шудааст, дар рӯйхати мазкур аз дар фурӯши ин метали қиматбаҳо се бонки марказӣ аз  Узбекистон, Муғулистон ва Тоҷикистон ворид шудаанд. Дар семоҳаи якуми соли равон Узбекистон 6,2 тонна тилло, Муғулистон — 3.4 тонна ва Тоҷикистон — 1 тонна тилло фурӯхтаанд.

Дар ҳисоботи гузориш қайд шудааст, ки Русия  аз рӯйи хариди тилло ҷойи аввалро ишғол менамояд. Дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ Бонки рушди Русия 55,3 тонна тилло харидорӣ карда, захираи онро 2,168,3 тонна расонидааст. Гуфта мешавад, ки дар ин раванд саҳми Туркия — 40,1 тонна ва Чин — 33 тоннаро ташкил медиҳад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки ҳаҷми захираҳои тиллоии Бонки миллии Тоҷикистон дар оғози соли ҷорӣ 4,9 моҳро воридот ташкил медод, ки ҳаҷми муомилоти моҳона дар Тоҷикистон соли гузашта каме бештар, яъне 262 миллион долларро ташкил медод.

Тибқи маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, ҳаҷми истеҳсоли тилло дар соли 2018 дар муқоиса бо соли 2017 16,9 фоиз афзудааст.

Бо вуҷуди ин, ки дар соли 2017,5 тонна тилло истеҳсол карда шудааст, он метавонад соли гузашта бо дарназардошти афзоиши 16,9 фоиз, беш аз 6,4 тонна металл истеҳсол хоҳад шуд.

Тибқи иттилои омор, дар соли 2018 Тоҷикистон сангҳо  ва металлҳои қиматбаҳоро ба маблағи 2 млн. Доллари ИМА содир шудааст,ки ин рақам 99% камтар нисбат ба соли 2017 вақте, ки ҳаҷми металлҳои қиматбаҳо беш аз 213,8 млн.ро ташкил медиҳад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here