Дар маркази савдои «Москва» (ФР) даҳҳо нафар муҳоҷирон боздошт шудаанд. Онҳо ба ин ҷо омада буданд, ки аз ҳамватании тоҷикистонии худ дифоъ кунанд.

Гуфта мешавад, ки посбонҳои ин маркази савдо як муҳоҷири меҳнатии тоҷикистониро, ки ҳаммол шуда кор мекардааст, латукӯб кардаанд. Ҳамватанони ҳаммол барои дифоъ аз ӯ ба маркази савдо омадаанд, аммо 50 нафари онҳо аз ҷониби полис боздошт шудаанд. «Интерфакс» менависад, ки дар ин омодагӣ барои дифоъ аз ҳаммоли тоҷикистонӣ наздики 150 нафар ҷамъ шуда буданд.

Роҳбари Федератсияи муҳоҷирони меҳнатии ИДМ оид ба ҳуқуқҳои меҳнатию иҷтимоӣ Каромат Шарипов гуфтааст, ки посбонҳо ин муҳоҷирро латкӯб карда, сипас дар матои сафед печонида, аз ҳудуди маркази савдо берун андохтаанд. Ба гуфтаи Шарипов ҳоло дар боздоштгоҳи Люблино наздики 200 нафар ҳамватанони мо дар робита ба ҳамин қазия қарор доранд.

Ҷавони ҳаммол, ба навиштаи баъзе аз манбаъҳо кушта шудааст, аммо чанде дигар менависанд, ки ӯ дар бемористон аст.

Добавить комментарий