Рӯзҳои 21 ва 22 июни соли 2019 шашумин Намоишгоҳи байналмилалии тиҷоратии “Суғд-2019” баргузор мегардад! Чун шарики анъанавӣ, Tcell барои ҳамаи иштирокчиён ва меҳмонони маросими мазкур таъмини алоқаи боэътимодро ба зимма гирифта, ҳамзамон маҳсулоти худӣ ва хизматрасониашро барои муштариёни корпоративӣ ва ҳамшарикон пешниҳод месозад.

Маврид ба ёдоварист, Тcell ҳамасола аз баргузории Намоишгоҳи байналмилалии “Суғд” пуштибонӣ карда, ин дастгирӣ ба анъана табдил ёфтааст. Дар соли гузашта (2018), ширкати Tcellбарои беш аз 5000 меҳмон ва 300 иштирокчии ярмарка аз гӯшаву канори Тоҷикистон ва меҳмонон аз кишварҳои дуру наздик алоқаи мобилиро дар ҷараёни намоишгоҳ таъмин намуд. Он замон, баъди ҷамъбасти намоишгоҳи “Суғд” дар шаҳри Хуҷанд беш аз 100 шартномаи дохилӣ, ёддошт ва ҳусни тафоҳум миёни ҳамкорон (шарикон) ба тасвиб расида буд.

Имсол, дар намоишгоҳи «Суғд-2019» иштироки меҳмонон ва ширкатдорон бештар дар назар гирифта шудааст. Дар ин чорабинӣ истеҳсолкунандагон ва тавлидгарони маҳсулоти кишоварзӣ, намояндагони корхонаҳои бузурги саноатӣ, бонку муассисаҳои молиявӣ, ширкатҳои нақлиётӣ, логистикӣ ва иртиботот, расонаҳо ва ғайра иштирок хоҳанд кард. Тсеll ҳамчун пешоҳанги бозори коммуникатсияи Тоҷикистон, махсусан дар бахши хидматрасонии корпоративӣ барои бештари  корхонаву муассисаҳое, ки дар намоишгоҳи “Суғд” ширкат меварзанд, алоқаи боэътимодро пешниҳод месозад. Ин раванд дар вилояти Суғд дар қиёс ба дигар манотиқ чашмрастар ва воқеъбинона аст.

Дар намоишгоҳи байналмилалии «Суғд-2019» инчунин иштироки доираҳои тиҷҷорӣ ва коршиносон аз Федератсияи Русия, Узбекистон, Қирғизистон Қазоқистон, Белорус, Чин, Корея, Покистон, Ҳиндустон, Лаҳистон ва Сербистону дигар кишварҳо дар назар дошта шудааст.

Ҳамаи иштирокчиёни форуми тиҷории “Суғд-2019” бо алоқаи баландсифати Тcell таъмин гардида, меҳмонони намоишгоҳ ва намояндагони доираҳои ҳирфаӣ аз WiFi-и баландсуръат истифода бурда метавонанд. Барои таъмини ин кор дар макони баргузории ярмарка шабакаи махсуси ширкат фаъол хоҳад шуд.

Ҳамчунин, ширкати Tcell дар ин намоишгоҳ чанд мизи мудавар ва муаррифии маҳсулоти худиро дар ҳошияи он роҳандозӣ менамояд. Меҳмонону иштирокчиён бо сабк (тамға)-и ҷадиди Тсеll ошно гардида, бо стратегияи фаъолияти он шинос хоҳанд шуд. Зимнан, ҳамёни ТезСум, ки маҳсулоти нави муштараки ширкати Tcell ва Аввалин Бонки молиявии Хурд барои замимаҳои телефонҳои ҳушманд аст, муаррифӣ мешавад.

Намоишгоҳи байналмилалии «Суғд» аллакай дар кишвар шинохта шуда, дар доираҳои иқтисодӣ сазовори баҳои баланд гардидааст. Воқеъан, ярмаркаи мазкур барои корхонаву муассисаҳои иқтисодӣ, тоҷирон ва коршиносони молиявӣ майдони радду бадал, ба роҳ мондани ҳамкорӣ, имзои созишномаву муоҳадаҳои ҳамкорӣ маҳсуб меёбад.

Ҳамасола дар ин намоишгоҳ даҳҳо санади ҳамкорӣ тасвиб мешаванд, ки он барои пешрафти иқтисоди кишвар ва беҳсозии вазъи иҷтимоии Тоҷикистон мусоидат карда, дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба ва сеҷонибаи ҳамшариконро муайян месозад.

Намоишгоҳи байналмилалии «Суғд-2019» бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Палатаи тиҷорат ва саноати Тоҷикистон, инчунин пуштибонии шарикони рушд ташкил мешавад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here