Ширкати Tcell ва Спитамен Бонк дар мавриди хизматрасонии нав, ки тавассути он имкони пурра кардани ҳисоби телефонҳои мобилӣ аз тариқи кортҳои бонкии “Корти миллӣ” имконпазир мешавад, эълон карданд. Ин кортҳо дар ҳама бонкҳои кишвар дастрас мебошанд.

Муштариёни Tcell имкон доранд тавозуни телефонҳои ҳамроҳи худро бе пардохти иловапулӣ (комиссия) ва дар реҷаи шабонарӯзӣ пур намоянд, барои ин фақат бо худ доштани корти бонкии “Корти миллӣ” аз бонки дилхоҳ зарур аст

Ин амалро мешавад хеле содда анҷом дод: ба бахши «Хизматрасониҳо» -и сомонаи Tcell ворид гардида, шарти «Пурра кардани тавозун тавассути кортҳои “Корти миллӣ”-ро интихоб намоед. 

Дар ин қисмат чунин шартҳоро иҷро кардан зарур аст: рақами кортро нишон медиҳед, ному насаби соҳиби кортро менависед, муҳлати анҷоми эътибори корт CVV2 (CVC2)-ро хонапурӣ мекунед. Баъдан, муштарӣ бояд пардохтро тавассути рамзи SMS-паёмак тасдиқ намояд. Маблағ аз ҳисоби корт ба рақами нишондода гузаронида мешавад. Тавозунро тариқи дилхоҳ рақами Тселл пурра кардан мумкин аст. 

«Мо кӯшиш мекунем, ки барои муштариён беҳтарин ва мақбултарин шароитҳои хизматрасониро роҳандозӣ намоем. Тавозуни телефон метавонад дар вақти барои шумо ноқулай ба охир расад: нисфи шаб, дар роҳ ва ё аснои суҳбати зарурӣ, ки гуфтугӯи мустақим дар ин лаҳза хеле зарур аст. Бо хидматрасонии пурра кардани тавозун тавассути кортҳои “Корти миллӣ” муштариёни мо ба ҷустуҷӯи банкомат намепардозанд. Тариқи ин намуд хизматрасонӣ тавозуни худро метавонед пурра намоед, ба ҳисоби рақами дӯстону пайвандон маблағ гузаронед», — қайд карданд дар ширкат.

Пурра кардани тавозун тавассути кортҳои «Корти миллӣ» бе иловапулӣ, дар пайванди зер дастрас аст: https://pay.spitamen.com/tcell/

Добавить комментарий