— Неруҳои Ӯзбекистон ҳамлаи гуруҳи мусаллаҳро ба дидбонгоҳи “Ишқобод”, воқеъ дар ҷумҳурии ҳамсояи Тоҷикистон мавриди омӯзиш қарор додааст,- гуфтааст ба РИА “Новости” намояндаи неруҳои марзбонии Хадамоти давлатии амнияти Ӯзбекистон.
Қаблан иттилоъ дода шуда буд, ки шаби гузашта гуруҳи мусаллаҳи 20-нафарӣ ба дидбонгоҳи марзбонии “Ишқобод” дар марзи миёни ду ҷумҳурӣ ҳамла карданд. 15 нафари онҳо кушта шуда, 4 нафар боздошт гардиданд. Дар рафти амалиёт аз ҷониби Тоҷикистон ду корманди мақомот ҷони худро аз даст доданд. Дар ҷои ҳодиса гуруҳи фаврӣ-тафтишотӣ ташкил гардида, тафтишот ҳоло давом дорад.
— Мо аз қазия хабар дорем ва вазъиятро омӯхта истодаем,- гуфтааст намояндаи марзбонии Ҷумҳурии Ӯзбекистон. Ӯ ҳамчунон афзудааст, ки ҷониби Ӯзбекистон бо ҳамтоёни тоҷики худ дар тамос мебошанд.

Добавить комментарий