Пас аз гузориши вебгоҳи «Фараж» дар мавриди банд шудани роҳрави пиёдагард аз ҷониби нуқтаҳои мошиншӯӣ дар маҳаллаи Крупскаяи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе (таъмиргоҳи 63) масъулин даст ба кор шуданд. Акнун пиёдагардон метавонанд озодона аз ин ҷода гузаранд.

Бино ба гуфтаи як ҷавони мошиншӯй, масъулини нуқтаҳои мошиншӯӣ аз ҷониби роҳбарияти таъмиргоҳи мазкур ҳушдор гирифтаанд, ки аз ин ба баъд мошинҳоро барои хӯшконидан дар роҳрави пиёдагардон нагузоранд. Дар акси ҳол 500 сомонӣ ҷарима хоҳанд шуд. Ҳамчунин, аз ду тарафи роҳрав ба замин сутунчаҳои оҳанӣ хобонидаанд, то мошинҳо дар рӯи сабзазори шафати роҳ гузошта нашаванд.

Ёдовар мешавем, ки ҳафтаи гузашта сокинони кӯчаи Крупскаяи ноҳияи Фирдавсӣ дар суҳбат ба «Фараж» аз нуқтаҳои мошиншӯӣ дар ин маҳалла изҳори норизоӣ карда буданд.

Онҳо гуфтанд, ки ҷавонони мошиншӯй, пас аз шустани мошин, онро барои хушконидан ба роҳрави пиёдагардон бароварда, роҳро банд мекунанд ва ба ҳаракати пиёдагардон халал эҷод мекунанд. Ҳамчунин, сабзазори шафати роҳ, бо сабаби банд будани роҳрав, зери пойи мошиндорону роҳгузарон монда буд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here