Тибқи нишондоди омор дар Тоҷикистон беш аз 149 000 нафар шахси  маъюбиятдошта зиндагӣ мекунанд.  Барои табобат ва дастгирии ин қишри ҷомеа ҳукумати кишвар ва созмонҳои байналмиллалӣ замина фароҳам меоваранд.

Маркази тавонбахшии маъюбон, ки дар Маркази миллии “Шифобахш” таъсис ёфтааст ва корҳои сохтмонию муҷаҳҳазгардонии он аз ҷониби сарраёсати Агентии туркии ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) дар соли 2019 амалӣ гардонида шудааст.

Тавре мудири маркази тавонбахшӣ духтури дараҷаи олӣ Наргис Воҳидова дар сӯҳбат гуфт, муассисаи онҳо барои  маъюбони гурӯҳи I,  II, беморони калонсоли синнашон аз 80-сола боло, иштирокчиёни садамаи Чернобил, ҷанговарони интернатсионалист муоина ва табобатро пурра ройгон ба роҳ мондааст.

Ба гуфти Наргис Воҳидова, дар марказ ҳуҷраҳои тавонбахшӣ, ҳуҷраи табиатшифоҳӣ ва масҳ, ҳуҷраи тавонбахшии кӯдакона фаъол аст, ки дар давоми соли 2019 ба 1520  нафар бемор хизмат расонидааст, ки аз ин ҳисоб 227 нафар маъюб табобати ройгон гирифтаанд.

– Мо натанҳо маъюбон, балки ба беморон ҳам хизмат мерасонем. Онҳое, ки бо роҳхати духтури оилавӣ ва тавсияи духтурашон ба мо муроҷиат мекунанд, аз рӯйи қарори № 600 қабул мекунем ва онҳо маблағи муқарраргардидаро ба хазинаи марказ месупоранд, – мегӯяд мудири марказ.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here