Президенти феълии Миср Абдулфаттоҳ Сисӣ, ки бо роҳи кудето ба сари қудрат омадааст, эълон кард, ки барои курсии президентӣ дар интихоботи соли 2022 мубориза нахоҳад кард.

Абдулфаттоҳ Сисӣ зимни баромадаш дар шабакаи телевизионии CNBC аз моддаи 140-уми Конститутсияи Миср ёдовар шуда гуфт, ки қонун барои як нафар зиёда аз ду маротиба ба вазифаи президентӣ интихоб шуданро манъ мекунад.

«Ман ҳамчун сарвари ин сарзамин як рӯз дар муқобили иродаи мардуми Миср зиндагӣ нахоҳам кард. Ман барои мӯҳлати сеюм кор намекунам ва дар пайи тағйирёбии Конститутсия намебошам”, — таъкид кардааст Сисӣ

Абдулфаттоҳ Сисӣ мегӯяд, ӯ иштироки худро ҳамчун номзад дар интихоботи президентии Миср, ки мебояд моҳи март ё апрели соли 2018 баргузор шавад, то ба ҳол аниқ гуфта наметавонад, аммо агар лозим донад аз ин имконияти худ истифода хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки шабонгоҳи 3 июни 2013 артиши Миср бо сарварии вазири дифоъи ҳамон вақт Абдулфаттоҳ Сисӣ, президенти мунтахаби Миср Муҳаммад Мурсиро бо таври кудато аз қудрат барканор карда, Адли Мансур, раиси додгоҳи қонуни асосии Мисрро ба унвони президенти муваққат барои ниҳоятан шаст рӯз то баргузории интихоботи зудҳангом муъариффӣ карда буд.

Баъдан дар интихоботи зудҳангоми таҳмилӣ Абдулфаттоҳ Сисӣ худ президенти Миср гардид.

Добавить комментарий