Шаби 7-уми май дар бозии ҷавобии Лигаи чемпионҳои футболи Аврупо клуби футболи «Ливерпул» аз Англия коре кард, ки мухлисони ин намуди варзиш ангушти ҳайрат газиданд.

Шогирдони Юрген Клоп, ки дар вохӯрии якум дар варзишгоҳи Камп Ноу дар Каталонияи Испания аз азимдастаи «Барселона» шикаст хӯрда буданд, дар бозии ҷавобӣ дар Энфилдт Англия камбэки олӣ карданд. «Барселона» дар бозии якум бо ду голи Мессӣ ва як голи Суарес «Ливерпул»-ро шикаст дод ва гӯё бо ин як пои худро ба финали Лига гузошт. Ин ҳам дар ҳоле, ки ду бозигари калидии «Ливерпул» — Муҳаммад Салоҳ ва Фирминио дар бозии ҷавобӣ бояд ширкат намекарданд. Юрген Клоп, сармураббии «Ливерпул», пеш аз бозии ҷавобӣ гуфт, ки ҳарчанд камбэк ҳам накунанд, аммо як бозии олие бояд нишон диҳанд ва бо сари баланд аз майдон берун раванд.

Ҳамин тавр, «Ливерпул» бо дубли Оригӣ ва Вейналдум тавонист «Барселона»-ро шикаст диҳад ва ба финал барояд. Дар финал «Ливерпул» бо ғолиби ҷуфти дигари нимфинал, ки онҷо «Аякс» (Нидерланд) бо «Тотенҳэм» (Англия) ҳастанд, бозӣ мекунад. Бозии якуми ин дастаҳо 1:0 бар нафъи дастаи шаҳри Амстердам ба охир расида буд. Бозии ҷавоби имшаб дар Амстердам баргузор мешавад.

Добавить комментарий