Шоми 14-май дар се ҷамоати ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон бар асари боришоти зиёди борон сел омада, ба хонаҳои мардум даромадааст, ки дар пайи ин офати табиӣ як нафар ба ҳалокат расидааст.

Чанде аз сокинони ноҳияи Хуросон зимни сӯҳбати телефонӣ гуфтанд, ки дар пайи боришоти зиёди борони бегоҳи рӯзи 14-май сел омада ба хонаҳои онҳо даромадааст.

Раиси ноҳияи Хуросон Раҳматулло Сафарзода​ дар як тамоси телефонӣ ба хабарнигори «Фараж»​ тасдиқ кард, ки аз дар пайи боришоти зиёди борони​ бегоҳи 14-май дар се ҷамоати деҳоти ноҳия, аз ҷумла, шаҳраки Обикиик, ҷамоати деҳоти Садриддин Айнӣ ва Ҳилолӣ сел омадааст. Дар натиҷа 10 ҳавлии истиқоматӣ ба пуррагӣ аз байн рафтаанд.

Раиси ноҳия қайд кард, ки сел​ дар деҳаи Ҳалқаҷари ҷамоати деҳоти Садриддин Айнӣ, ки моҳи марти имсол бар асари чунин офати табиӣ хонаҳои мардум, роҳҳо, заминҳои наздиҳавлигӣ зарар дида буданд, зиёдтар аст.

— Бегоҳи рӯзи 14-май​ сокиноне, ки​ ба манзилҳои зисташон сел омад, бо дастгирии мақомот ва ситоди ҳолатҳои фавқулода ба ҷойи бехавф кӯчонида шуданд, — илова кард​ раиси ноҳия.

Сардори Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон Сулаймон Исмоилзода низ дар як тамоси телефонӣ гуфт, бо ҳамаи кормандони ситоди вилоят ва ноҳия дар ҷойи ҳодиса қарор дорад.

— Сокинон пурра бо дастгирии мақомоти маҳаллии ноҳияи Хуросон ва кормандони ситод​ ба ҷойи бехавф кӯчонида шуданд, — изҳор дошт сардори ситоди вилоят.

Раиси ноҳияи Хуросон Сафарзода​ Раҳматулло​ ​ ва​ сардори ситоди вилоят Сулаймон Исозода гуфтанд, ки вобаста ба хисороти молӣ айни замон чизе гуфта наметавонанд.

Аммо сардори шуъбаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Раёсати мазкур Вафо Ашуров дар як сӯҳбати кӯтоҳи телефонӣ гуфт, ки дар пайи омадани сели рӯзи 14-май як марди 55-солаи ноҳия ба ҳалокат расидааст.

— Ин сокин ҳангоми омадани сел аз воситаи нақлиёташ фаромада хостааст селро тамошо кунанд, аммо мутасифона зери сел монда ҷон додааст, — илова кард мусоҳиби мо.

Бояд гуфт,ки рӯзи​ 21-уми марти соли равон дар​ деҳоти Ҳалқаҷар ва Пахтакори ноҳияи Хуросон сел омада, буд, ки дар пайи он як нафар сокини ноҳия ба ҳалокат расида, манзилҳои зисти сокинон, пур аз обу лой гардида буданд.

Ҳисороти сели рӯзи 21-марти соли равон​ дар дар деҳаи Ҳалқаҷар ва Пахтакори ноҳияи Хуросон беш аз 1​ миллиону 338 сомониро ташкил медод.

Тибқи маълумотҳои Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон дар ҳудуди вилояти Хатлон 401 мавзеи хавфнок ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо 45 адад минтақаи ниҳоят хавфнок ва 356 адад хавфнок ба ҳисоб мераванд. Дар ин мавзеъҳо 45 ҳазору 21 хоҷагӣ мавҷуд буда, 331​ ҳазору 530 нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунанд. Ба ин мавзеъҳо асосан омадани сел, ярч, лагжиши замин, обхезӣ, эрозияшавии замин ва баландшавии оби канал таҳдид мекунад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here