Зимни гузаронидани амалиёти гумрукӣ аз тарафи кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе фурӯши ғайриқонунии либосҳои мактабии кӯдакона дар бозори ҶДММ «Достӣ»-и пойтахт ошкор гардидааст. Дар ин бора аз маркази матбуоти Хадамоти гумрук хабар доданд.

28-уми августи соли 2017 дар натиҷаи гузаронидани санҷиш аз ҷониби кормандони шуъбаи мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ дар бозори ҶДММ «Достӣ»-и пойтахт аз контейнери №3, ки иҷорагираш шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Я. В., соли таваллудаш 1982, истиқоматкунандаи шаҳри Истаравшан, 104 баста либосҳои мактабии кӯдаконаи истеҳсоли Ҷумҳурии Ӯзбекистон дарёфт карда шуд.

Дар вақти пурсиш муайян гардид, ки ин либосҳои кудаконаи мактабиро номбурда аз бозорҳои либосфурӯшии вилояти Суғд барои фурӯш дар бозори «Корвон»-и шаҳри Душанбе аз соҳибкорони ба у ношинос бе ҳуҷҷатҳои воридотии гумрукӣ харидори кардааст.

Бо ин ҳаракатҳои худ шаҳрванд Я.В., ба қонуншиканӣ роҳ додааст, ки ҷавобгарии маъмурии он дар моддаи 597-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷавобгарии маъмуриро барои харидан, нигоҳ доштан, интиқол додан, ҳамлу нақл, истифодабарӣ ва мусоидат ба фурӯши моли бидуни назорати гумрукӣ воридшударо пешбинӣ шудааст.

Аз рӯи ҳолати мазкур нисбат ба шаҳрванд Я.В., бо моддаи 597-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз гардида, ба Суди ноҳия Фирдавсии шаҳри Душанбе ирсол карда шудааст.

Добавить комментарий