Давоми чанд рӯзи охир дар атрофи  коронавирус овозаҳои фаровон аз даҳон ба даҳон мегузаранд. Сабаби тарсу ҳароси мардуми оддӣ дар он аст, ки вирус сарҳадро убур карда, онҳоро низ зери ташвиши сарборӣ побанд мекунад.

Тибқи иттилои ОИР “Новости” дар таърихи 24 феврал шумораи гирифторони вирус дар Чин 79,3 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, талафоти ҷонӣ 2527 нафар ба қайд гирифта шудааст ва наздик ба 25 ҳазор нафар аз чанголи беморӣ халосӣ ёфтаанд.

Сафири Чин дар Мавкав Чжан Ханхуэй изҳорӣ бовар кардааст, ки дар наздиктарин фурсат эпидемияи  Covid19 ба охир мерасад. Ба гуфти ӯ, олимони чинӣ ваксинаеро, ки фаъолии масуниятро бар зидди вирус таъмин мекунад, омода кардаанд, аммо он таҷдид мехоҳад.

Чжан Ханхуэй зикр кардааст, ки Пекин аз дастгирии Маскав миннатдор аст, ҳамзамон  омода аст, ки якҷоя муборизаро бар зидди паҳншавии  вирус пеш барад.

Добавить комментарий