Созмони ҷаҳонии беҳдошт изҳороти мушаххаси котиби давлатии ИМА Майк Помпео, ки дар мавриди дар институти вирусологии Вуҳани Чин омода шудани коронавирус гуфта буд, шарҳ дод.

– Мо аз ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар бораи пайдоиши эҳтимолии вирус ягон маълумот ё далели мушаххас нагирифтаем, аз ин рӯ, изҳороти дар озмоишгоҳ омода шудани коронавирус барои мо норушан боқӣ мемонад, – гуфтааст роҳбари барномаҳои соҳаи тандурустии СҶБ Майкл Райан.

Вай илова кардааст, ки СҶБ ҳамчун ташкилоти воқеӣ хушнуд хоҳад буд, то ҳама гуна маълумотро атрофи коронавирус дар даст дошта бошад.

Қаблан, президенти ИМА Трамп ва котиби давлатии ин кишвар Майк Помпео дар баёнияе изҳор карда буданд, ки коронавирус дар озмоишгоҳи вирусологии Вуҳани Чин омода шуда, ба дигар кишварҳо интиқол дода шудааст.

Добавить комментарий