Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, айни ҳол 8 ҳазору 864 донишҷӯ таҳсил мекунанд, ки аз ин шумора 1514 нафар тариқи буҷавӣ, 7 ҳазору 347 нафар тариқи шартномавӣ ва 3 нафар ба таври квота ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Ин оморро ректори ДДМИТ Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ дар нишасти матбуотӣ, ки 4-уми феврал бо иштироки намояндагони васоити ахбори омма доир гардид, баён намуд.

– Дар тӯли шаш моҳи таҳсили соли 2019, 180 нафар донишҷӯ аз донишгоҳ хориҷ карда шуданд, – гуфт Хайрзода Шукрулло.

Тибқи гуфтаи Хайрзода Шукрулло бо вуҷуди гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ, дар соли сипаригардида, шумораи зиёди донишҷӯён аз донишгоҳ ихроҷ карда шудаанд. Ӯ сабабҳои хориҷкунии донишҷӯёнро ба сари вақт насупоридани маблағи шартномаи таҳсил, иштирок накардан ба дарс, напардохтани қарзҳои академӣ ва гузаштан ба донишгоҳҳои дигар, марбут донист.

Ба саволе, ки атрофи амалҳои коррупсионии устодони донишгоҳи мазкур аз тарафи хабарнигорон ба миён омад, ректор чораҳои пешгирикунандаи ин амали номатлубро зикр кард, вале аз додани маълумот атрофи ришвахорӣ дар Донишгоҳи молия худдорӣ кард.

Шаҳноз Ализода,

Фараж

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here