Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ аз шикояти шаҳрвандон нисбати қаллобҳо, ки ба боварии одамон даромада пулу моли онҳоро аз худ мекунанд, чанд хабар нашр кард.

Ба ШВКД дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо ариза марди 51-солаи сокини ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи мазкур муроҷиат кардааст, ки моҳи марти соли 2015, марди 33-солаи сокини ҷамоати деҳоти Оббурдон бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 330 000 рубли русиро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Ҳамчунин ба ШВКД дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ марди 37-солаи сокини ноҳияи Мастчоҳ муроҷиат кардааст, ки моҳи октябри соли 2014, марди 33-солаи дар боло зикргардида бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ барои ҷудо намудани 0,10 га қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ҳудуди ҷамоати деҳоти Оббурдон 7500 доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Оид ба ҳодисаи қаллобӣ ба ШВКД дар ноҳияи Кӯшониён аризаи марди 38-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки моҳи ноябри соли 2018, марди 51-солаи сокини ҳамин ноҳия, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 50000 сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст. Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ мутобиқи моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ба ШВКД дар ноҳияи Сомонӣ марди 37-солаи сокини ноҳияи мазкур дар он хусус муроҷиат кардааст, ки моҳи июни соли 2016, марди 58-солаи сокини ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Ҳамадонӣ бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 10 000 доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Ҳамчунин ба мақомоти корҳои дохилӣ марди 45-солаи сокини кӯчаи Бухорои пойтахт муроҷиат кардааст, ки соли 2014 марди 58-солаи дар боло зикршуда бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 15000 доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст. Аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Добавить комментарий