Президенти Боливия Эво Моралес истеъфои худро эълон кард ва пас аз он, ноиби президент Алваро Гарсиа Линера низ аз вазифааш канор рафт.

«Мо аз зӯроварӣ ва таҷовуз, ки ҷонибдорони ҳизбҳои мағлубшуда ба роҳ андохтанд ва муноқишаи байни шаҳрвандони кишвар азият мекашем. Бо ин ва дигар сабабҳо, ман истеъфо медиҳам ва номаи дахлдорро ба парлумони Боливия мефиристам», — гуфт сиёсатмадор зимни нишасти матбуотӣ аз тариқи RT.

Моралес гуфт, ки вай умедвор аст, ки тазоҳурот имшаб хотима хоҳад ёфт. Вай инчунин гуфт, ки ӯ барои пешгирии зӯроварӣ дар кишвар, ки аз ҷониби мухолифин ба вуҷуд омадааст, истеъфо дод.

Ба гуфтаи Моралес, Созмони давлатҳои Амрико пас аз натиҷагирии интихобот як қарори сиёсӣ қабул карда, аз мақомот даъват кард, ки раъйдиҳии дуввумро баргузор кунанд. Вай афзуд, ки агар ин қарор қонунӣ бошад, ин маънои пирӯзии ӯ дар даври аввалро хоҳад дошт.

Қаблан Қувваҳои Мусаллаҳ Моралесро даъват карданд, ки вазифаро тарк кунад, то субот дар кишвар таъмин карда шавад.

Тибқи конститутсия, пас аз истеъфои сарвари давлат вазифаҳои ӯ ба ноиби президент, баъдан ба раиси сенат ва баъд аз он ба раиси Палатаи вакилон вогузор карда мешаванд. Аммо, ҳамаи онҳо аллакай роҳбарии давлатро рад карданд.

Муовини дуюми Сенати Боливия, намояндаи мухолифин Ҷанин Агнес гуфт, ки қудрати олӣ пас аз истеъфои тамоми роҳбарияти олӣ ба ӯ мегузарад.

Рақиби асосии Моралес дар интихоботи октябр, Карлос Меса қарори истеъфоро истиқбол кард ва онро «анҷоми зулм» номид.

Куба рафтани Моралесро табаддулот номид ва аз ҳама кишварҳо даъват кард, ки дар бораи ҳаёт ва озодии Моралес ва Гарсия овоз баланд кунанд. Венесуэла низ ин ҳодисаро табаддулот номид.

Тибқи хабари рӯзномаи «Pagina 7», ҳавопаймои сарвари пешини давлат нақшаи парвозро барои қаламрави Аргентина дархост кардааст. Тибқи иттилои нашрия, ҳавопаймои Моралес аз фурудгоҳи Эл-Элто парвоз кардааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here