Имрӯз сафари кории Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб идома кард, ки дар ин сафар чанд муассисаи таълимӣ, чанд бинову маркази хизматрасонӣ ва фабрикаи парандапарварӣ ба кор шуруъ карда, ба азнавсозии роҳҳо оғоз бахшида шуд.

11-уми сентябр бо ширкати Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб  фабрикаи парандапарварӣ, бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб, биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, Маркази хизматрасонии «Модар ва кӯдак», Муассисаи давлатии «Маркази вилоятии клиникии бемориҳои дил», Коллеҷи ҷумҳуриявии санъати ба номи Кароматулло Қурбонов, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 45 ба истифода дода шуда, навсозии роҳи «Кӯлоб — Шамсиддин Шоҳин» ва корҳои таъмиру барқарорсозии 21 километр роҳҳои дохилишаҳрии Кӯлоб оғоз гардиданд.

Шоми дирӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Кӯлоб рафт ва нахуст аз фаъолияти Маҷмааи кишоварзӣ — саноатии «Кӯлоб» ва намоиши махсулоти кишоварзӣ боздид кард. Дар идома, ҳамон шом, гулгашти ба номи Сафар Амиршоев ба истифода дода шуд ва Президент аз боғи ба номи Сайдалӣ Вализода дидан кард. Сипас, бо ширкати Сардори давлат боғи фарҳангию фароғатии Хуталон дар шаҳри Кӯлоб мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар идома, Эмомалӣ Раҳмон аз Боғи марказии фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Кӯлоб ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ боздид ба амал овард.

Зиёрати оромгоҳи Мир Сайид Алӣ Ҳамадонӣ дар шаҳри Кӯлоб   10.09.2019

Ба истифода додани боғи фарҳангию фароғатии Хуталон дар шаҳри Кӯлоб  10.09.2019

Боздид аз Боғи марказии фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Кӯлоб ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  11.09.2019

Добавить комментарий