Боришоти беист ва фаромадани сел дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон сабаби марги марди тахминан 58-60-сола гашт.
Раиси ҷамоати Намунаи ноҳияи мазкур Аҳлиддин Мирзоев дар суҳбат ба «Фараж» гуфт, омадани сел нимаи дуюми имрӯз, тахминан соати 14:30, дар деҳоти наздикуҳии Пешқадам ва Пешқадам — 1 иттифоқ афтод, ки дар натиҷа сокини деҳаи Пешқадам-1 Азизов Муродалӣ ба ҳалокат расид.
— Феълан омадани сел идома дорад ва деҳаҳои номбурда зери лойобаанд. Намояндаҳои ҳукумати ноҳия дар ҷои ҳодиса қарор доранд. Сокинон ба ҷойҳои амн интиқол дода мешаванд. Зарари офат то бегоҳ муайян карда хоҳад шуд, — иттилоъ дод раиси ҷамоат аз маҳалли ҳодиса.
Ёдовар мешавем, шаби 17-уми майи соли 2018 низ дар деҳоти наздикуҳии чор ҷамоат: Озодагон, Кабут Сайфиддинов, Нури Ваҳдат ва Намуна сел омад. Бар асари ин офати табиӣ 1270 хонаи истиқоматӣ ва беш аз 500 га замини хоҷагии фермерӣ, ки асосан кишти пахта гузаронида шуда буданд, пурра ва қисман аз байн рафтанд.
Он замон ду тифл, яке шашмоҳа ва дигаре духтараки 3,5-сола ба ҳалокат расиданд. Шоҳидони ҳол мегӯянд, Таҳминаи 3,5-сола, сокини деҳаи Отчапари ҷамоати Озодагонро селоба аз оғӯши модар, замони фирор аз хона, рабуд. Ҳамдеҳагон ҷасадашро субҳи рӯзи дигар аз дохили ҷӯйбори пур аз лой ёфтанд. Тифли шашмоҳа бошад, дар ҷамоати ба номи Кабут Сайфиддинов, дар оғӯши модар, ҳангоми осемасар савор шудани мардуми зиёд ба мошини боркаш, нафасгир шуда, ба ҳалокат расидааст.