Мусобиқаи 10-уми байналмилалии теннис миёни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон бо пирӯзии варзишгарони Тоҷикистону Узбекистон ба анҷом расид.

Дар мусобиқа 64 теннисбози навраси то 17-сола аз 10 кишвар — Афғонистон, Белорус, Канада, Қирғизистон, Покистон, Туркманистон, Тоҷикистон, Узбекистон, Федератсияи Русия ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико иштирок карданд.

Миёни писарон теннисбози тоҷик Исамҷон Шарифов ғолиб шуд. Варзишгари дигари мо Аминҷон Абдуллоев ҷойи сеюмро сазовор гашт. Ҷойи дуюмро Данила Мароз аз Белорус ишғол кард.

Миёни духтарон Моҳинур Шарипова аз Узбекистон ғалаба кард. Ҷойҳои дуюму сеюмро теннисбозони тоҷик Наргиза Яҳёева ва Диана Иванихина ишғол карданд.

Дар қувваозмоиҳои ҷуфтӣ миёни писарон тоҷикистониҳо Исамҷон Шарифов ва Аминҷон Абдуллоев ҷойи аввалро ба даст оварданд. Ҷойи дуюм насиби ҷуфти омехтаи Данила Мароз (Белорус) ва Бахтиёр Исроилов (Тоҷикистон), ҷойи сеюм насиби ҷуфти дигари Тоҷикистон Марамадшо Айёмбеков ва Тошпулод Саидмуродов гардид.

Миёни духтарон ҷуфти Наргиза Яҳёева ва Диана Иванихина аз Тоҷикистон ғолиб омаданд. Ҷуфти дигари Тоҷикистон Амина Шерхонова ва Сумайя Тухтаева ҷойи дуюм, ҷуфти омехтаи Уммия Аблоқулова (Тоҷикистон) ва Моҳинур Шарифова (Узбекистон) ҷойи сеюмро мушарраф гардиданд.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи байналмилалии теннис миёни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон бо ҷом, медал, диплом ва ҷоизаи пулӣ қадрдонӣ шуданд. Ба ғолибон 1000 доллар, барандагони ҷои дуюм 800 доллар ва ҷои сеюм 500 доллар тақдим гардид.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here