Дар шаҳри Тошканд таҳти унвони «Мубориза бо терроризм — ҳамкориҳои бидуни марз» конфронси ҳафтуми байналмилалии илмию амалии Сохтори минтақавии зидди террори Созмони Ҳамкории Шанхай ифтитоҳ ёфт. Ин конфаронс дар се иҷлосия ду рӯз давом хоҳад кард. Дар ин конфаронс намояндагони Тоҷикистон низ ширкат доранд.
Ҷумъахон Ғиёсов — директори Кумитаи иҷроияи Созмони минтақавии зиддитеррори СҲШ дар маросими ифтитоҳи конфронс гуфт, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таҳдиди терроризм рӯ ба рӯст. Ба далели ин конфронси мазкур метавонад ҷиҳати ҷилавгирии дастаҷамъона алайҳи ин таҳдидҳо хеле хуб мусоидат намояд.
— Дар айни ҳол гурӯҳҳои террористӣ аз кишварҳои арабӣ нерӯҳои худро ба кишвари сеюм, аз ҷумла Ҷумҳурии исломии Афғонистон мунтақил намудаанд, аз ин рӯ, вазъият дар минтақа метавонад ба бумбаст мувоҷеҳ шавад. Дар муқобили нерӯҳои “Давлати исломӣ”, ки дар пайи рӯ ба рӯ намудани ташаннуҷи авзоъи минтақа талош доранд, бояд муборизаҳои шадид сурат гиранд,- изҳор кард Ҷумъахон Ғиёсов.
Ба таъкиди оқои Ғиёсов, ҳар гуна мубориза ба тарзи дастаҷамъӣ мусоидат менамояд, ки ин нерӯҳо натавонанд вазъиятро аз эътидол берун кунанд. Гуфта мешавад, ки “Давлати исломӣ” ҳанӯз ба ҳайси як нерӯи муқтадир ва харобиовар боқӣ мондааст. Онҳо пойгоҳи худро дар Афғонистон тақвият бахшиданӣ ва ба кишварҳои узви СҲШ таҳдиди ҷиддӣ ба бор оварданианд.
Дар номаи дабири кулли СҲШ Владимир Норов ба иштирокчиёни ин конфронс омадааст, ки таҳдиди терроризм доман фарох менамояд ва давлатҳо бояд ба ин таҳдид танҳо дар шакли дастаҷамъона муборизаи шадид баранд. Бино ба ин нома, терроризм аз тариқи савдои ғайриқонунии силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир таъмини молӣ мешавад ва барои ҳамин решаҳои ин иллати даҳшатафкан низ бояд барбод дода шавад.
Хонум А. Митал — намояндаи минтақавии Идораи СММ барои мубориза бо маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ иброз дошт, ки роҳҳои нави мубориза бо ин иллати ногувор ҷустуҷӯ мешаванд. Зеро он ба амнияти сайёраи Замин ҷиддан таҳдид мекунад.
— Ғайр аз он ки фаъолиятҳои террористон аз савдои ғайриқонунии силоҳ, маводи мухаддир маншаъ мегиранд, ҳамчунин ҷалбу ҷазби ҷавонон ба суфуфи гурӯҳҳои террористӣ низ вазъи хеле нигаронкунанда мебошад. Мо дар ин росто низ бояд муборизаро тавсеа бахшем ва нагузорем, ки онҳо ҷавононро ба коми худ кашанд ва аз онҳо истифода баранд,- гуфт хонум Митал.
Ба таъкиди мавсуф, гузашта аз ин, дар минтақаҳои таҳти ҷангу даргириҳо кӯдакон низ ба доми террористон меафтанд ва дар сангарҳо таълими низомӣ мегиранд. Бояд аз ин раванд ҷилавгирӣ кард.
— Истифодаи доманфарохи шабакаҳои интернетӣ низ ба як проблемаи умда табдил ёфтааст. Барои паҳншавии ифротгароӣ ва терроризм маҳз аз ин васила фаровон кор гирифта мешавад. Ҳамчунин, мо бояд ба он расидагӣ дошта бошем, ки устувории қонун таъмин гардад,- тазаккур дод намояндаи минтақавии Идораи СММ барои мубориза бо маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ.
Конфронси зиддитерроризм дар Тошканд идома дорад.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, Тошканд

Добавить комментарий