Дар 11 моҳи соли равон дар ноҳияи Абдураҳмонӣ Ҷомӣ фаъолияти 44 ошхона, мағоза ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ, барои ба талаботи санитарӣ ҷавобгӯ набудан, муваққатан манъ карда шуданд.

Директори  маркази санитарию эпидемиологии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Даврон Аҳмедов гуфт, ки дар зарфи 11 моҳи соли равон аз тарафи мутахассисони марказ  дар ошхона, дӯкону мағозаҳо ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ 420 маротиба санҷиш гузаронида шуда, 316 нафар соҳибкор барои риоя накардани ҳолатҳои санитарӣ ба маблағи 31850 сомонӣ ҷарима карда шудаанд.

Манбаъ гуфт, ҳангоми гузаронидани санҷишҳо аз мағозаву дӯконҳо ва  бозори марказӣ ба миқдори 823 кг маводи пастсифату қалбакӣ ва муҳлати истифодабариашон гузашта аз муомилот гирифта шуданд, ки маблағи беш аз 11260 сомониро ташкил медиҳанд.

Аз 44 нуқтае, ки фаъолияташон муваққатан қатъ шуда буд, қисмате аз он пурра аз фаъолият бозмонданд.

Манбаъ зикр кард, ки дар ин давра баъди муоинаи тиббӣ ва муайян кардани бемориҳо мувақатан  581 нафар коргари ташкилоту идораҳо барои вазъи саломатиашон хуб набудан аз кор озод карда шуданд.

Даврон Аҳмедов ҳамчунин афзуд, ки дар оянда кормандони марказ кӯшиш мекунанд, назоратро дар ин самт боз ҳам пурзӯр намоянд, зеро саломатии сокинон аз ҳама чизи гаронарзиш мебошад.

Раҳмоналӣ Додархӯҷаев

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here