Имрӯз, 21-уми август, ҳавопаймои ширкати ҳавоии «Уралские авиалинии», ки дар хатсайри Душанбе-Маскав парвоз мекард, ба таври изтирорӣ дар фурудгоҳи шаҳри Оренбурги ФР нишастааст.

Далели нишасти изтирории ҳавопаймо бад шудани аҳволи як мусофири хурдсол будааст, ки халабон маҷбур шудааст, роҳашро дар ин шаҳр қатъ кунад, то ба духтари 13-солаи бемор дар ин шаҳр ёрии тиббӣ расонанд.

Гуфта мешавад, ки дар ҳавопаймо 216 мусофир будаанд. Ҳавопаймо баъди нишасти изтирорӣ дар Оренбург дубора аз фурудгоҳи ин шаҳр ба Маскав парвоз кардааст.

Бемор, ки маризии дил доштааст, аз фурудгоҳ ба бемористони ин шаҳр интиқол дода шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here