Ман Шодмонова Гулчеҳра, сокини шаҳри Душанбе, аз васоитаи ахбори омма огаҳӣ ёфтам, ки санаи 10-уми декабри соли 2018 ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ мақсади баргузории гирдиҳамоӣ дар назди сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари Олмонро дорад.

Фарзандони ман фирефтаи фитнаҳои Муҳиддин Кабирӣ ва ҳизби наҳзати исломии ӯ гардида, имрӯз дар паси панҷара қарор доранд ва ман худро ором ҳис карда наметавонам. Ин ҳамон ҳизбе мебошад, ки ташкилкунандаи ҷанги шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. 

Мо як гуруҳ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз кирдорҳои ҷинояткоронаи хатарноки М. Кабирӣ ва ҳизби наҳзати исломӣ ҷабрдида, ҷигарбандони худро аз найрангҳои онҳо аз даст дода ва волидайни фарзандоне, ки бо найрангҳои ҲНИ  ва М. Кабирӣ гумроҳ гашта, дар давлатҳои ҷангзадаи Сурия, Ироқ ва Афғонистон қарор доранд, мебошем.

Ба ин хотир, аз сафоратхонаҳои Олмон ва Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб дорем, ки барои пешгирӣ намудани баргузории ин тазоҳурот ва имконияту шароит фароҳам наовардан ба ташкилкунандагони ин гирдиҳамоӣ мусоидат намояд.

Дар сурати сар задани тазоҳурот дар назди сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон, мо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдом пеш гирифтаем, ки дар назди сафоратхонаи кишвари Олмон ва Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чунон ошӯб ва аланга ба амал орем, ки таърих онро ёд надорад!!! Бигузор ҷаҳон кишвари Олмонро ҳамчун пуштибони экстремистон ва террористон бишносад!!!

Боз ҳам таъкид мекунем, ки пеши роҳи баргузории гирдиҳамоии  ҳизби террористиву экстремистии наҳзати ислом гирифта шавад, вагарна  мо ба ҳеҷ ваҷҳ аз талаб кардани ҳуқуқҳои ҳуд даст намекашем!!!

Нест бод М. Кабирӣ ва ҳизби наҳзати ислом!!!

 

Як гуруҳ ҷабрдидагон аз бесарусомониҳои М. Кабирӣ ва ҲНИ

Добавить комментарий