Олимони Донишгоҳи Ҳонконг зимни як таҷриба бо мушҳо таъсири амиқ доштани москҳои тиббиро бар зидии COVID-19 муқарррар карданд. Моск аҳмиятнок буда,  барои ҳимоя аз интиқолёбии бевоситаи вирус мусоидат мекардааст. Дар ин бора субҳи имрӯз ОИР «Новости» дар такя ба иттилои рӯзномаи «South China Morning Post» хабар дод. Пеш аз ин фарзияҳое дар шабакаҳои иҷтимоӣ сайр дошт, ки гӯё москҳо ягон нақши казоӣ намебозанд.

Дар таҷрибаи гузарондаи микробиологҳо 52 адад  муш  корбаст шуд. Онҳо дар ҳар як қафас як муши бемори COVID-19 ва 3 муши солимро  ҷо доданд. Байни қафасҳо бодкунакҳо гузоштанд, то бо ин роҳ аз ҷонвари касал ба ҷонвари солим вирусро гузаронанд. Дар қафасҳо девораи махсус низ насб карданд.

Тадқиқотчиён аз рӯйи 3 сенария тадқиқотро пеш бурданд: «Дар қафаси мушҳои сироятёфта ғавчӯби махсус гузоштаанду дар қафаси ҷонварони солим нагузоштанд. Баъди ҳафтае аз 15 муши солим  10 саре, ки дар қафаси онҳо девораи махсус насб нашуда буд, ба коронавирус сироят ёфтанд. Аммо дар он қафасҳое, ки ба  муши солим москҳои махсус насб шуда буд, фақат 2 муш бемор шуданду халос.

Дар раванди таҷриба девораи махсусро фақат дар қафаси муши солим гузоштанд, ки дар натиҷа аз 12 муш фақат 4 сар сироят ёфтанд.

Гуфта мешавад, агар москҳои тиббӣ кор фармуда шаванд, эҳтимолияти интиқол ёфтани коронавирус метавонад 50 % коҳиш ёбад,. Хосатан, агар сироятёфтагон москро пӯшида гарданд.

Мутахассис ба шаҳрвандони Ҳонконг тавсия додааст, ки фосиларо нигаҳ доранду дар ҷойҳои ҷамъиятӣ новобаста ба ҳавои гарми тобистон истифодаи москро давом диҳанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here