Беэҳтиётии ронанда боис шудааст, ки ӯ зери мошини пурбор монда, ба ҳалокат расад.

5-уми сентябри соли 2017, тахминан соати 10:30, ронандаи автомашинаи боркашонии тамғаи “ГАЗ-53”, Бобокалонов Яҳё Баротович, соли таваллудаш 1987, сокини деҳаи Чашмасори ноҳияи Хуросон, ҳангоми дар талу теппаҳои ҷамоати деҳоти Ғалаобод ба бордони автомашинаи мазкур санг бор карданаш, ногаҳон автомашина ба ҳаракат даромада, ба болояш чаппа шудааст.

Дар натиҷаи ин ҳодисаи нохуш, Бобокалонов Я.Б. зери бордони автомашина монда, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here