Тарҳи нави маҷмӯи фанҳои имтиҳонӣ, ки тибқи супориши Дастгоҳи иҷроия дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илм таҳия карда шудааст, дар муқоиса бо тарҳи пешин бартариҳо ва тағйиротҳо дорад.

Ба иттилои муовини директори Маркази миллии тестї Шодиниё Абдулбосит, ки дар нишасти матбуотӣ гуфт, дар асоси тарҳи нав аз қисми “А” танҳо як субтест –“Забони тоҷикӣ” ва аз қисми “Б” (имтиҳонҳои ихтисосӣ) 3 субтести дигари вобаста ба ҳар гурӯҳи ихтисосҳои  пешбинишуда дар як қисм дохил карда шудааст. Тибқи номи нав “А” имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ  қабул гардидааст.

— Аз соли 2019 аз ду қисми имтиҳон “А”(имтиҳони умумӣ) ва “Б” (имтиҳони ихтисос) танҳо як қисми имтиҳон “А” (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ)-ро бояд довталабон супоранд. Ин қисм аз 4 субтест иборат аст, ки фанҳои имтиҳонӣ ба истиснои субтести “Забони тоҷикӣ” дигар аз 3 субтести фанҳои ихтисосӣ вобастаанд. Ин чор субтестро довталаб дар як рӯз месупорад, — гуфт Шодиниё Абдулбосит.

Вобаста ба ин Марказ аз 9-ум то 20-уми декабри соли 2019 бо иштироки беш аз 100 ҳазор хатмкунандаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ озмоиш гузаронидааст.

— Яке аз бартариҳои тарҳи нави ИМД ин кам кардани муҳлати эълони натиҷаҳои имтиҳонот аст, ки ба ҳисоби миёна 7 рӯз нисбат ба соли қаблӣ  зудтар маълум хоњад шуд, —  қайд кард Шодиниё Абдулбосит.

Шаҳноз Ализода

Фараж

Добавить комментарий