Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон (U-16) таҳти роҳбарии мураббӣ Зайниддин Раҳимов дар  Чемпионати Осиё-2018 , ки дирӯз дар Малайзия ба анҷом расид, медалҳои нуқраи мусобиқотро соҳиб шуданд.

Шоми дирӯз футболбозони навраси Тоҷикистон дар вохӯрии финалӣ, дар бозии баробар бо дастаи мунтахаби Ҷопон бо ҳисоби 1:0 мағлуб гардидаанд ва бо медалҳои нуқраи ин мусобиқа, ки дар таърихи футболи Тоҷикистон аввалин бор аст, сазовор шуданд.

Футболбозони Тоҷикистон миёни 45 дастаи қораи Осиё бори аввал дар таърихи футболи мамлакат ва Осиё тавонистанд, ки ба вохӯрии финалӣ роҳхат гирифта, саҳфаи корномаи варзишии кишварро рангин намоянд. Ба замми ин баъди ин муваффақият маротибаи дуюм футболбозони мамлакат дар Чемпионати ҷаҳон иштирок менамоянд. Ин мусобиқа соли оянда дар кишвари Перу баргузор мешавад.

Чемпионати Осиё-2018 байни футболбозони наврас (U-16)

Финал

Ҷопон – Тоҷикистон – 1:0

Гол: Ҷун Нишикава, 63.

Тоҷикистон: Мӯҳриддин Ҳасанов, Ҷонибек Шарифов, Шаҳром Назаров, Исроил Холов, Муҳаммадрасул Лутфуллоев, Нидоёр Забиров, Амадонӣ Камолов, Эмомалӣ Аҳмадхон (Шарифбек Раҳматов, 60), Озодбек Панҷиев (Шоҳрух Сангов, 66), Ислом Зоиров (Сунатулло Исмоилов, 82), Рустам Соиров.

Довар дар майдон: Аҳад Ёқуб Иброҳим (Урдун).

7 октябр. Куала-Лумпур. Варзишгоҳи милии Букит Ҷалил. 352 тамошогар.

Добавить комментарий