Табибони бемористонҳои шаҳри Маскав шабонарӯзи 17-уми май 1485 бемори аз коронавирус шифоёфтаро аз беморхона ҷавоб додаанд. Ба иттилои сухангӯи раиси шаҳри Маскав Анастасия Ракова, табибони пойтахти Русия 27 ҳазор беморро пас аз табобат ёфтанашон ба хонаҳояшон рухсат додаанд.

— Ҳоло миқдори шифоёфтагони вируси корона рӯ ба афзоиш аст, — гуфтааст сухангӯ. – Дар маҷмӯъ то имрӯз аз ин маризӣ дар Маскав 27 ҳазору 490 бемор ба пуррагӣ шифо ёфтаанд.

Тибқи маълумоти охир дар Русия 273 ҳазор ҳолати гирифторшавӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here