Дар маҳаллаи Баҳори деҳаи Овчи Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд гуфтушуниди ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар масъалаи марз анҷом ёфт. Дар ин бора ОИ «АП» хабар дода менависад, ки музокирот соати 7.30 саҳар оғоз шуда, то соати 10.15 идома ёфт.

Маҳаллаи Баҳор аз ҷамоати Овчи Қалъачаи ноҳияи Ғафуров бо деҳаи Максати ноҳияи Лейлеки Қирғизистон ҳамсарҳад аст.

Натиҷаҳои пешакии гуфтушунидҳо чунинанд: ҷониби Қирғизистон дидбонгоҳҳои назоратиро хароб мекунад ва ҷониби Тоҷикистон онро бунёд намекунад.

Инчунин, қарор дода шуд, ки қувваҳои иловагӣ ва техникаи ҳарбӣ аз соати дуи бегоҳ аз ду тараф бароварда шаванд.

Шаби гузашта ҷаласаи сарвазирони Тоҷикистону Қирғизистон низ баргузор гардид, ки дар он ба ҳайатҳои дахлдори ҳарду кишвар супориш дода шуд, ки дар ин самт якҷоя кор кунанд, то ҳалли масъалаҳои рухдода тезтар анҷом дода шавад.

Дар ҳамин ҳол, дар худи Овчи Калъача зиндагӣ чун пештара идома дорад, ҳарчанд чанде пеш ҳама ҷо баста буд ва кор намекард.

Добавить комментарий