– Дар Конфронси кулли ЮНЕСКО, ки 11-28-уми ноябр баргузор гардида буд, таҷлили 700-умин солгарди шоири вассофи ишқу зебоӣ Шайх Камоли Хуҷандӣ низ ба рӯйхати солгардҳои ЮНЕСКО пазируфта шуд, ки аҳли таҳқиқиро ба таҳрик овард. Дар натиҷаи заҳматҳои пайваста чанд китоб, аз ҷумла, “Девон”-и тозатасҳеҳи Камоли Хуҷандӣ, “Фарҳанги киноёти шеъри Камоли Хуҷандӣ”, “Фарҳанги истилоҳоти ирфонии девони Камоли Хуҷандӣ”, “Донишномаи Камоли Хуҷандӣ” чоп  хоҳад шуд, – гуфт директори МД “Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ” Баҳром Раҳматов.

– Самти асосии фаъолияти мо, – тавзеҳ дод ӯ, – пурра ба гирдоварӣ, таҳқиқу пажӯҳиш, нашри маводи марбут ба рӯзгор ва осори Камоли Хуҷандӣ нигаронида шуда, барои ба таври шоита пешвоз гирифтани ҷашни 700-солагии шоири пуровозаи адабиёти тоҷику форс ҳанӯз аз оғози таъсисёбӣ таҳти роҳбарии собиқ директори муассиса, доктори илмҳои филологӣ Фахриддин Насриддинов дурнамо ва барномаи панҷсолаи таҳқиқоти худро тарҳрезӣ карда буд ва аз рӯйи он фаъолияти босамару пурнатиҷаеро  дар ин росто ба роҳ монд.

Тайи ду соли охир ба муҳаққиқони марказ даст додааст, ки китобҳои камолшиносиро, амсоли “Варақи ҳусн” (нашри баргузида ва интиқодии 200 ғазали Камоли Хуҷандӣ дар асоси чаҳор нусхаи хатии қадим), “Ишқи минӯ” (Тарҷумаи ҳафтдаҳ ғазали Камол ба забони олмонӣ) ва “Мактаби Камол” (гирдоварии ашъори зиёда аз 200 шоири пайрави Камоли Хуҷандӣ )  ба нашр расонанд.

– Кори асосие, ки муасисиа ба дӯш гирифтааст, дар соли ҷашн – нашри ҷилди аввал ё баргузидаи муҳимтарин мақолоти “Донишномаи Камоли Хуҷандӣ” мебошад, ки дар ин росто аз олимон даъват ба амал оварда мешавад, ки бо мо дар масоили гуногуни забонӣ, таърихӣ ва фарҳангии шомили ин асар ҳамкорӣ намоянд, –  гуфт Раҳматов.

Добавить комментарий