Султони Умон Қобус бин Саид ал-Саид раҳбаре, ки дар минтақаи Халиҷи Форс аз ҳама зиёд роҳбарӣ кардааст, шоми 11 январ дар синни 79-солагӣ аз олам даргузашт. Гуфта мешавад, ки Султон Қобус чанд соли охир аз саратони рӯда ранҷ мекашид. Қобус ба таърих ҳамчун ҳукмроне хоҳад рафт, ки кишвари хурди худро дар Шарқи Наздик аз мамлакати қафомонда ба зинаҳои нави модернизатсия ва миёнаравӣ бурдааст. Ӯ дар ҳалли баъзе масоили мубрами минтақаи Шарқи наздик ҳамчун миёнарав ҳисобида мешуд.

Ҳукмронӣ дар Умон меросӣ аст, вале Қобус аз сабаби фарзанд надоштанаш ба таври ошкоро вориси худро интихоб накарда буд. Тибқи гузориши хабаргузории Ал Арабия Султон Қобус интихоби вориси худро ба таври пинҳонӣ дар лифофаи мӯҳрдор ба номи Шӯрои оилавии шоҳона сабт намуда буд.

Пас аз он ки Агентии иттилоотии давлатӣ хабари марги Султон Қобусро эълон кард, Шӯроии олии низомии Умон изҳороти худро ба Шӯрои оилавии ҳоким, барои даъват кардани роҳбари нав пешниҳод кард.

Баъд аз боз кардани лифофаи мӯҳрдор Ҳайсам ибни Ториқ Оли Саъид, вазири мерос ва фарҳанги Умон, ҳокими нав интихоб  шуд. Зимни баромадаш дар телевизиони давлатӣ роҳбари нав таъкид кард, ки сиёсати ҳамзистии осоиштаи мамлакатҳои Халиҷи Форсро пайгирӣ хоҳад кард.

Дар робита ба марги Султон Қобус мамлакатҳои зиёде ба унвони роҳбарияти Уммон тассалият ирсол карда, аз ӯ чун роҳбари сулҳпарвар ёд кардаанд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ирсоли барқияи таслияти худ ба унвони Сарвазири Умон – Фаҳд Оли Сауд, аз Қобус чун ходими барҷастаи сиёсӣ ёдовар шуд.

“Мо марҳумро ҳамчун сарваре, ки ҷиҳати густариш ва тақвияту тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон саҳм гузоштааст, дар хотир дорем”, — омадааст дар барқияи сарвари малакат Эмомалӣ Раҳмон.

Сарвазири Британия Борис Ҷонсон дар як изҳорот гуфт, ки аз шунидани марги Султон Қабус сахт андӯҳгин аст.

— Вай на танҳо дар Уммон, балки дар тамоми минтақа таъсири амиқе гузоштааст, — таъкид дошт Борис Ҷонсон.

Президенти собиқи ИМА Ҷорҷ Буш изҳор намуд, ки Қобус руъёи давлати осоишта шудани Умонро ба воқеият табдил дод.

Тибқи хабари Агентии Пресс Саудӣ додгоҳи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 11 январро дар кишвараш рӯзи мотам эълон кардааст.

Роҳбари Аморати Муттаҳидаи Араб, шайх Заид-ал-Наҳайн низ барои марги Султон Қобус дар кишвараш се рӯзи марг эълон кардааст.

Амири Қувайт шайх Сабоҳ дар тасалияташ гуфт, ки сулолаи Умон, оилаи Халиҷи Форс ва миллатҳои арабу ислом роҳбари оқилро аз даст доданд.

1 бинависед

Добавить комментарий