Кормандони ёрии таъҷилӣ аз дарёфт шудани ҷасади як кӯдак ба полиси Маскав хабар додаанд.

Шабакаи телевизионии «360» хабар медиҳад, ки дар шарқи шаҳри Маскав дар як ҳуҷра ҷасади беҷони кӯдаки зодаи Тоҷикистон пайдо шудааст. Кӯдак мактабхони синфи дуюм будааст. Ба иттилои «360» полис аз кормандони ёрии таъҷилӣ паём гирифтааст, ки дар манзили истиқоматӣ кӯдаки мурдае ёфт шудааст.

Полис ба ҷойи ҳодиса омада, ҷасади кӯдакеро пайдо кардааст, ки дар тани ӯ далели марги маҷбурӣ ба чашм намерасидааст. Кӯдак ва модари бекораш зодаи Тоҷикистон будаанд, аммо расман дар Маскав зиндагӣ мекардаанд.

Хулосаҳои аввал ба ин натиҷа расидаанд, ки марги кӯдак аз бемории сироятӣ фаро расидааст, аммо ин кадом маризист, полис ошкор накардааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here