Марде барои ҷӯш задани ғайраташ оби ҷав нӯшида, сипас ба ҳамсараш, ки чанде пеш аз ӯ ҷудо шуда буд, пешниҳоди ҳамзистӣ мекунад, аммо ҷавоби рад гирифта, даст ба ҷиноят мезанад.
Прокуратураи генералии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки Пиримзода Ҷаҳонгир Шералиевич моҳи ноябри соли 2018 бинобар носозгирии оилавӣ бо ҳамсараш Амонова Н.А. аз зиндагии якҷоя даст кашида, ба хонаи падару модараш, ба деҳаи Карашувоқи ноҳияи Шаҳритус, кӯчида меравад. 9-уми сентябри соли 2018 Пиримзода Ҷ.Ш. нӯшокии оби ҷавро (пиво) истеъмол карда, бо далели хусумати оилавӣ бо мақсади аз ҳаёт маҳрум сохтани ҳамсараш Амонова Н.А. бо корди хоҷагӣ мусаллаҳ шуда, ба назди номбурда, ки дар хоҷагии деҳқонии Чоршанбиев А. бо ҳамроҳии модараш Чоршанбиева С. ва янгааш Чоршанбиева С. машғули корҳои деҳқонӣ буданд, меравад. Пиримзода Ҷ.Ш. ба Аминова Н.А. пешниҳод мекунад, то бо ҳам зиндагӣ кунанд. Бо гирифтани ҷавоби рад дар ҳузури модару янгаи ҳамсараш бо корд ба ӯ ҳуҷум оварда, ба узвҳои ҳаётан муҳимаш 7 маротиба зарба мезанад. Ин ҳолатро модар ва янгаи ҳамсараш дида, доду фиғон мебардоранд. Пиримзода Ҷ.Ш. баъди аз ҳуш рафта ба замин афтидани Амонова Н.А., аз ҷойи ҳодиса фирор мекунад. Ҷабрдида аз ҷониби хешовандонаш сари вақт ба беморхонаи марказии нохияи Шахритус оварда шуда, аз март наҷот меёбад.
Прокурори вилояти Хатлон нисбати Пиримзода Ҷ.Ш. бо аломатҳои моддаи 32 қисми 3-104 қисми 2 банди “е” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (тайёрӣ ба ҷиноят, сӯиқасди ҷиноятӣ одамкӯшӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, бо анҷоми тафтишот ба суд ирсол намудааст.
20 октябри соли 2019 бо ҳукми коллегияи судии баррасии парвандаҳои ҷиноятии суди вилояти Хатлон Пиримзода Ҷ.Ш. дар содир намудани ин ҷиноят пурра гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазои маҳрумӣ аз озодӣ ба мӯҳлати 17 сол бо нигоҳ доштан дар коллонияҳои низомаш пурзӯр таъин карда шуд.