Гуруҳе аз мактаббачагони муассисаи таълимии ба номи Абдураҳмони Ҷомии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ки бо баҳои хубу аъло мехонанд, дар арафаи ба анҷомрасии соли хониши имсола аз МНМО дидан кардаанд. Дар ин бора сухангӯи МН Муҳаммадато Султонов иттилоъ дод.

Толибилмон зимни шиносоӣ бо раиси кумитаи МН оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Ҷӯрахон Маҷидзода, вакили МН Бахтовар Сафарзода, мудири шуъбаи умумии дастгоҳи МН Ҷалол Камолов ва мудири шуъбаи тарҷума, таҳрир ва нашр Камол Абдураҳимов суҳбат доир намудаанд.

Аъзои МН иқдомоти мазкурро мусбат арзёбӣ карда, таъкид доштаанд, ки он ба рушди комили ҷавонон, боло бурдани сатҳу сифати дониши хонандагон, ҳиси худошиносии миллӣ, ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми ёдгориҳои таърихӣ, тарбияи хонандагон дар руҳияи инсонпарварӣ, омодасозии онҳо барои интихоби касб ва боз ҳам устувортар сохтани ҳуввияти миллияшон мусоидат хоҳад кард.

Манбаъ гуфт, мактаббачагон ҳамчунин макони баргузории ҷаласаҳои МНМО, маҷлисгоҳи таърихии ҷаласҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва китобхонаи парлумони касбии мамлакатро тамошо карданд.

Дар фарҷоми мулоқот ба хонандагон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардидааст.

1 бинависед

  1. Ин тавзехот подархаво худ нишонаи сатхи пасти салохият дар парлумот ва дастгохи он мебошад…))) Хеле махзуновар аст ин холат, албатта. Ташрифи хонандагон падидаи неку ояндабахш мебошад. Мохиятан он ба ташаккули тасаввуроти онхо нисбати шакли идораи кишвар, низоми идораи давлати, тахкими донишхо нисбати арзишхои чумхурияти,,ташкили хокимияти давлатии Точикистон тибки принсипи тачзияи хокимият ва накши Мачлиси Оли дар фаъолияти конунэчодсози нигаронида шудааст….

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here