Дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон аз 26 корхонаи саноатӣ дар 11 моҳи соли равон 5 адади он тамоман фаъолият накардаанд. Ҳафт  корхонаи дигар ҳаҷми истеҳсолро нисбат ба ҳамин давраи соли рафта кам кардаанд.

Мутахассиси  пешбари бахши саноату манзили мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант  Олимҷон Файзуллоев омили фаъолият накардани панҷ корхона,  аз  ҷумла, ҶСК “Нуриҳои Осиё”, ҶДММ “Абубакри Дилшод”, ҶДММ “Беҳзод”, ҶДММ “Орди рушди Хатлон” ва ҶДММ “Равғани Сарбанд”-ро фарсудагии таҷҳизот, қарздорӣ аз андоз ва надоштани ашёи хом арзёбӣ кард.

Ҳамсуҳбати мо  илова кард, ки агар корхонаҳои мазкур  фаъолият  мекарданд, ҳазорҳо сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, ба буҷет даҳҳо миллион сомонӣ ворид мегардид.

“Корхонаҳое, ки ҳаҷми истеҳсолоти саноатиро кам карданд, “Субҳи Сарбанд”, “Сименти рушди Хатлон”, “Техмаш”, “Анис-2010”, “Гранит-П”, “”Ҳоҷӣ Рамазон” ва “Сомон Полимер” мебошанд”, — илова кард Файзуллоев.

Дар 11 моҳи соли равон 21 корхонаи саноатии шаҳр ба маблағи 220,1 миллион сомонӣ  маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12,5 миллион сомонӣ зиёд аст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here