Дар як садамаи марговар дар ноҳияи Лахш 7 узви як хонавода ба ҳалокат расида, 5 нафари дигар осебӣ ҷисмонӣ бардоштаанд. Дар ин бора марказаи матубуоти ВКД ҶТ хабар дод.

30-юми сентябр, тахминан соати 22:05, ронандаи автомашинаи тамғаи “ЗИЛ-ММЗ-554” Юсупов Сунатулло Қамчинбекович, соли таваллудаш 1982, сокини деҳаи Калтубулоқи ноҳияи Лахш, ҳангоми ҳаракат дар мавзеи Қарақия, ки роҳи автомобилгард ҳисоб намешавад, автомашинаи мазкурро аз баландии 150-метр ба ҷарӣ чаппа кардааст. Дар натиҷа, мусофирони дохили автомашина: Шарифов Темирбай Исломович, соли таваллудаш 1973, Шарифов Асқаб Аслонбекович, соли таваллудаш 1998, Шарифов Қадриддин Темурбоевич, соли таваллудаш 1998, Шарифова Гулзира Темуровна, соли таваллудаш 2000, Шарифова Рухшона Насриддиновна, соли таваллудаш 2006, Шарифова Вазира Темуровна, соли таваллудаш 2009 ва Шарифов Нурмат Насриддинович, соли таваллудаш 2014, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Ронанда Юсупов Сунатулло Қамчинбекович ва мусофирон Шарифова Тоту Акбаровна, соли таваллудаш 1980, Шарифов Насриддин Исломович, соли таваллудаш 1978, Шарифова Чолнонай Батирбековна, соли таваллудаш 1978, Шарифов Алишер Темирбоевич, соли таваллудаш 2003, истиқоматкунандагони деҳаи Кушайи ноҳияи Лахш ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here