Ба оилаи се нафар табиби ноҳияи Кӯшониён, ки аз бемории илтиҳби шуш дар чанд рузи охир  вафот карда буданд, аз ҷониби раиси ноҳия Икромиддин Вализода кумак карда шуд.

Бо дастури раиси ноҳияи Кӯшониён Вализода Икромиддин дирӯз ба оилаи табибони фавтида духтури кӯдаконаи беморхонаи деҳотии ҷамоати Заргар Абдухолиқ Пириев, сарвари Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими ноҳия Маҳмадӣ Тешаев ва сардухтури беморхонаи деҳотии ҷамоати Заргар Раҷабалӣ Почоқулов кумаки яквақтаинаи ғизоӣ расонида шуд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён хабар доданд.

Бояд гуфт, ки чанде пеш раиси ноҳияи Кӯшониён маоши семоҳаи худро ба 52 нафар табибе, ки бар зидди COVID-19 мубориза мебаранд, тақсим карда буд.

Ҳамчунин, аз ҳисоби раиси ноҳия ба 30 оилаи шахсони маъюб ва камбизоат кумаки яквақтаина ба маблағи умумии 8,9 ҳазор сомонӣ расонида шудааст.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён дар оянда низ талош мекунад, ки оилаҳои ниёзманд, ятимон ва табибони нояро кумаку дастгирӣ намояд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here