Дар ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон дар даҳ моҳи соли равон 28 синфхона барои 700 ҷойи нишаст сохта, мавриди истифода қарор дода шудааст. Айни замон сохтмони 33 синфхона барои 775 ҷойи нишаст ва як мактаб барои 620 хонанла идома дорад.

Аз шуъбаи маорифи ноҳияи мазкур хабар доданд, ки  дар ин баробар дар муассисаи таълимии рақами 8, ки вазъи хароб дошт, бо маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети вилоят бинои нави дуошиёнаи иборат аз 16 синфхона бо 400 ҷойи нишаст сохта ба истифода дода шуд.

Айни замон дар ҷамоати Заргар сохтмони мактаб барои 620 хонанда идома дорад, ки дар назар аст, ксоли 2020 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад, гуфтанд аз шуъбаи маориф.

Мақомоти маҳалии ноҳия талош дорад, дар оянда ҳама мушкили соҳаи маорифро бартараф намуда, сатҳу сифати таьлиму тарбияро барои муҳасилин боз ҳам хубтар кунад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here