Рӯзноманигори мустақил Завқибек Саидаминӣ чанд муддат пеш мехост дар интихоботи парлумонӣ ширкат кунад, гуфт, ки ду моҳи охир ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шудааст. Муҳлати амали ҳуҷҷаташ барои фаъолияти соҳибкорӣ, то 31-уми декабр муқаррар гардида будааст.  Бо сабабе ки Завқибек натавонистааст маблағи шартномаи иҷораи дӯконро пайдо кунад, иҷорадиҳанда созишномаи худро бо ӯ қатъ кардааст.

Саидаминӣ 12-уми феврал, дар нишасти матбуотии Кумитаи андоз иброз намуд, ки ният доштааст, то дар интихоботи парлумонӣ иштирок кунад.

– Хостам чанд муддат соҳибкориро қатъ кунам. Вақте ба раёсати андози ноҳияи Сино рафтам, маро ба миқдори 7 ҳазор сомонӣ ҷарима карданд. Онҳо гуфтанд, ки ман бояд ҳар 10 рӯз эъломия месупоридаам, – гуфт Завқибек. – Вақте ман шаҳодатнома гирифтам, кормандон гуфтанд, ки метавонам ба муддати 3 моҳ бе касби таҷҳизот соҳибкорӣ кунам. Миқдори маблағ низ баъди се моҳ муайян мешавад, гуфта буданд кормандон. Мутаасифона, баъди панҷоҳ рӯзи фаъолият мо бо сабаби иштирок дар интихобот мағозаро бастем. Масоҳати мағоза ҳамагӣ 20 квадратро ташкил медод ва дар он ҷой, дар панҷоҳ рӯз имкони 7 ҳазор кор кардан набуд, – таъкид кард Саидаминӣ.

Сардори Кумитаи андоз Нусратулло Муқим дар ҷавоб ба шикояти Завқибек Саидаминӣ баён кард:

– Пеш аз он ки соҳибкор ба фаъолият шурӯъ кунад, бояд қонуну уҳдадориҳои андозро донад. Як камбудии кори шумо низ ҳамин буд, ки қоидаҳои андозро намедонистед.

– Мо ин масъаларо омӯхта натиҷаашро ба шумо пешниҳод мекунем. Шояд аз тарафи шумо ё ягон корманди мо камбудие шуда бошаду  ба ҷавони навкоре муроҷиат кардаед. Имрӯз як масъалаи ҳалталаби мо ин нарасидани кадрҳои баландихтисос мебошад, – гуфт Нусратулло Муқим. – Шояд ҷаримаро барои ягон қонуншиканиатон карда бошанд. Аз ин лиҳоз, пеш аз ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шудан, бояд шумо қонунҳоро хуб омӯзед

Дар робита ба ин Нусратулло Муқим аз журналистон ва иштирокдорони нишаст хост, то ҳангоми сар задани нофаҳмӣ бо кормандони андоз бо шумораи Кумитаи андоз бо роҳбарияти кумита дар тамос шаванд.

– Мо ҳар рӯз мардумро дар семинар ҷамъ карда бо онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ карда наметавонем. Аз ин лиҳоз, мо маблағи обунаи рӯзномаро арзонтар кардем то мардум дониши андозии худро баланд бардоранд, – гуфт ӯ.

Добавить комментарий