Маҳдудиятҳои сафар миёни манотиқи Италия шурӯъ аз 18-уми май бардошта мешавад, хабар додааст ҳукумати ин кишвари аврупоӣ. То имрӯз дар Италия 225 ҳазор нафар гирифтори коронавирус шуда, 31 ҳазор нафар ҷон бохтаанд.

Қаблан расонаҳои мамолики Аврупо иттилоъ дода буданд, ки аз аввалҳои тобистон сарҳадҳо ба рӯйи хориҷиён боз мешаванд. Интизор меравад, ки пас аз шурӯи сафар дар дохили кишвар, сар аз 3-юми июн, Италия сарҳадоти худро ба рӯйи хориҷиён боз мекунад. Дар ҳамин ҳол, гуфта мешавад, ки дар сурати бад шудани авзо маҳдудиятҳо дубора ҷорӣ карда мешаванд.

Добавить комментарий